image

НИШАСТИ МАТБУОТӢ: Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторовро соли равон 67 нафар хатм намуд

date_range08.08.2023, 15:18 chat_bubble_outline0 remove_red_eye418

Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов аз оғози фаъолияташ то имрӯз дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва тарбия намудани мутахассисони соҳибкасби соҳаи санъати мусиқӣ ва баланд бардоштани қобилияти эҷодии онҳо фаъолияти назаррасро ба роҳ мондааст. Бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма ва роҳбарияти консерватория нишасти матуботии ин ниҳод доир гашт.

Айни замон дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов 3 факултет ва 13 кафедра амал менамояд, ки баҳри омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи санъати мусиқӣ хизмат мерасонанд. Дар нимсолаи дуюми соли таҳисли 2022-2023 дар Консерватория 310 нафар донишчӯ таҳсил намуд. Шумораи умумии кормандони консервтория ба 288 нафар расида, 174 нафари онҳо кормандони асосӣ ва 114 нафар кормандони ҳамкор мебошанд. Дар ҷамъбасти сессияи тобистонаи соли таҳсили 2022-2023 107 нафар ба сессия роҳ дода шуда, аз ин миқдор 25 нафар имтиҳонҳоро бо баҳои хубу аъло, 15 нафар хуб ва 56 нафар омехта супориданд.

Зимни нишасти хабарӣ роҳбарияти консерватория иттилоъ доданд, ки хатмкунандагони консерватория ба фарқ аз дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ҳамасола талабгори зиёд дошшта, баъди хатми муассиса пурра ба кор ҷалб карда мешаванд. Имсол ҳам консерватория 67 нафар хатмкунандагонро вобаста ба шакли таҳсили рӯзона 43 нафар, ғоибона 12 нафар ва 12 нафар магистрант омода намудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки 43 нафар донишҷӯёне, ки дар соли таҳисли 2022-2023 дар шакли рӯзона таҳсил менамуданд, пурра ба кор ҷалб карда шуданд.

Ҳамчунин зикр ёфт, ки мудири кафедраи сарояндагии анъанавӣ Ҳайдаров Зоиршо аз 1-ум то 20-уми феврали соли 2023 дар фестивали байналмилалии «Сураҷ Конт Мала» дар Ҳиндустон иштирок намуд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"