image

Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш: вазъ, мушкилот ва дурнамои он” баргузории мизи мудаввар бо ин мавзуъ бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон

date_range09.08.2023, 14:09 chat_bubble_outline0 remove_red_eye468

Дар доираи Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар толори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон конференсияи илмӣ амалӣ дар мавзӯи “Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш: вазъ, мушкилот ва дурнамои он” баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, намояндагони сохторҳои марбутаи соҳа, кормандони муассисаҳои соҳаи ҷавонон ва варзиш иштирок ва андешаронӣ карданд.

Қайд гардид, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, муаррифгар ва парчамбардори Тоҷикистони соҳибистиқлоланд. Ҳамчунин дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти ҷавонон ва варзиш беҳамто маънидод намуданд.

Ба роҳ мондани тадбирҳои шоиста ва сазовор дар самти таҷдиду азнавсозӣ ва бунёду ба истифода додани як қатор маҷмааву варзишгоҳҳо дар тамоми манотиқи кишвар гувоҳ аз таваҷҷуҳи ҳамешагии Роҳбари давлат дар ин самт аст. Ҳамчунин, таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ва эҳёи намудҳои варзиши миллӣ шаҳодати онанд, ки дастгирӣ ва рушд бахшидани соҳаи варзиш як қисмати сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллатро ташкил медиҳад, иброз гардид дар ҷараёни ҳамоиш.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"