image

Эълон: Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангӣ дар боғҳо

date_range09.08.2023, 14:16 chat_bubble_outline0 remove_red_eye340

Ба таваҷҷуҳи сокинону меҳмонони пойтахт расонида мешавад, ки дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе намоиш - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2023 ба роҳ монда шудааст.

Рӯзи 12-уми август аз соати 8:00 то 11:00 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон” намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Истиқлол, дар Боғи «Ирам» аз ноҳияи Шуғнон ва дар «Боғи Кудакон” дар ҳамин соат намоиш - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии ноҳияи Ёвон ташкил карда мешавад.

Ҳамчунин дар ин боғҳо аз соати 17:00 то 20:00 барномаҳои адабиву фарҳангии шаҳри Истиқлол ва ноҳияҳои Шуғнону Ёвон гузаронида мешавад. Рӯзи 13-уми август бошад, аз соати 8:00 то 11:00 дар Боғи «Куруши Кабир» намоиш - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллии ноҳияи Зафаробод, дар «Боғи Ирам” аз ноҳияи Рӯшон ва дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи «Абулқосим Фирдавсӣ» аз ноҳияи Дӯсти баргузор мешавад. Намоишҳои фарҳангӣ ва барномаҳои ҳунарии ноҳияҳои Зафаробод, Рӯшон ва Дӯстӣ 13-уми август аз соати 17:00 то 20:00 дар боғҳои мазкур гузаронида мешавад.

Сокинону меҳмонони пойтахи метавонанд дар раванди ин тадбирҳо ширкат намуда, маҳсулоти кишоварзиро бо нархи дастрас харид намоянд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"