image

Фаъолияти Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2023

date_range09.08.2023, 14:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye448

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 марти соли 2013, таъсис ёфта, дар асоси оиннома амал мекунад ва аввалин муассисаи мустақили давлатӣ мебошад, ки дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн мутахассис омода мекунад. Нимсолаи аввали соли 2023 барои роҳбарияту кормандон ва донишҷуёну магистрантони ин муассисаи таълимӣ бобарор арзёби мегардад.

Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти 6-моҳаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи олии таълимӣ аз рӯйи 28 ихтисос барои тайёр намудани мутахассисони дараҷаи бакалаври соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн дар шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ва дараҷаи магистр-шуъбаи рӯзона, аз руйи 16 ихтисос ва дараҷаи докторантура аз рӯи 2 ихтисос фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар назди факултети тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ шуъбаи тайёрӣ, Маркази бачагонаи рассомӣ ва Курсҳои кутоҳмуддати дузандагӣ амал менамоянд, ки мақсад аз фаъолияти онҳо омода шудан дар оянда ба дохилшавии Донишкада, баланд бардоштани сатҳи тайёрии наврасону ҷавонон аз рӯйи малакаю истеъдод ва майлу рағбат, зиёд гардонидани шавқу завқи хонандагон ба санъати тасвирӣ ва дизайн мебошад.

Муҳлати таҳсил дар курсҳои тайёрии ин шуъба 10-моҳ, дар курсҳои дӯзандагӣ 4-6моҳ, дар маркази бачагонаи рассомӣ бошад, курсҳои рассомии тобистона 3-моҳ ва курсҳои рассомии 4 сола мебошанд. Дар шуъба соли таҳсил аз 15 сентябр оғоз ёфта, то 1-июн идома меёбад. Шунавандагони шуъба баъд аз хатми он бо шаҳодатнома таъмин карда мешаванд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"