image

Натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи аввали соли 2023 дар ноҳияи Шоҳмансур

date_range09.08.2023, 15:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye330

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дастуру супоришҳои Президенти кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Раиси шаҳри Душанберо сармашқи кори худ қарор дода, давоми нимсолаи якуми соли 2023 корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Зимни баргузории нишасти хабарии ноҳияи Шоҳмансур бо рӯзноманигорон рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ин ноҳия барои нимсолаи аввали соли 2023 баррасӣ гардид.

Тибқи иттилои роҳбарияти МИҲД-и ноҳияи Шоҳмансур корхонаҳои саноатии қаламрави ноҳия бо назардошти сектори ғайридавлатӣ дар ҳаҷми 286,9 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022-ум 21,2 фоиз ё ин, ки 26 миллион сомонӣ ба соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия зиёд маблағ равона шудааст. Нақшаи аниқгардидаи хароҷотҳои буҷети ноҳия 151,4 миллион сомониро ташкил дода, дар асл 148,1 миллион сомонӣ харҷ гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 5 201 нафар соҳибкорони инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 67 нафар зиёд мебошанд. Маблағи патент ва шаҳодатномаи онҳо 18,2 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 0,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузоришаванда барои сохтмони капиталӣ 409,8 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст ва то ин муддат 418,1 миллион сомонӣ ба фондҳои асосӣ ба истифода дода шудааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2023 бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, сарсабзу хуррам гардонидани ҳудуди ноҳия, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли ҷорӣ 65 288 бех дарахтони ороиши, зиёда аз 2 милион адад гулҳои мавсимӣ, зиёда аз 400 ҳазор қаламча, 8, 5 ҳазор бех гули садбарг, зиёда аз 800 ҳазор бех гули лола ва дар масоҳати қариб 19 ҳазор метри мураббаъ сабзазор ташкил гардидааст.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"