10 август Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон - ҳамоиши тантанавӣ ба ин муносибат дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Дар заминаи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бахшида ба Рӯзи варзишагрони Тоҷикистон-10 август ҳамоиши ноҳиявӣ баргузор шуд.
Дар кори ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон, ки бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор шуд, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Раёати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мураббиён ва варзишгарони фаъоли ноҳия иштирок намуданд.
Маърузачиён зимни баромади худ изҳор доштанд, ки таҷлили Рӯзи варзишгарон дорои таърихи ба худ хос буда, он имкон медиҳад, ки бори дигар ба соҳаи варзиш ва дастгирии варзишгарон таваҷҷуҳ равона карда шавад. Агар ҳарчи қадар ба рушди соҳаи варзиш шароит фароҳам оварда шавад, ҳамон қадар насли ҷавонро аз амалҳои номатлуб наҷот дода мешавад. Боиси ифтихор аст, ки дар натиҷаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ба тасвиб расидани созишномаи истиқрори сулҳ, соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маркази таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар қатори варзишгарони дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар парчами давлатиро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштаанд. Дар ин замина, ёдовар мешавем, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2023, 1572 медал аз ҷониби варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба даст омадаанд, ки аз ин шумора 529 медали тилло, 453 медали нуқра ва 590 медали биринҷӣ дар сатҳи ноҳиявӣ, шаҳри, ҷумуриявӣ ва байналмилалӣ ба даст омадаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 847 медал зиёд мебошад.
Дар идомаи ҳамоиши ноҳиявӣ ба як қатор варзишгарони фаъоли ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби масъулин ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ