image

Натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи аввали соли 2023 дар ноҳияи Фирдавсӣ

date_range10.08.2023, 11:43 chat_bubble_outline0 remove_red_eye419

Давоми моҳҳои январ-июни соли 2023 дар ноҳияи Фирдавсӣ аз ҷониби 177 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба маблағи 574,6 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,5 миллион сомонӣ ё 124,1 фоиз зиёд мебошад - иттилоъ дода шуд, зимни нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ.

Мувофиқи иттилои роҳбарияти ноҳия дар 6 моҳи соли 2023 корхонаҳои саноатии ноҳияи Фирдавсӣ ба маблағи 2,3 миллион доллари амрикоӣ маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба хориҷи кишвар содирот намудаанд, ки ба ҳамин давраи соли сипаригардида баробар мебошад.

Дар идома зимни баромади роҳбарияти ноҳияи Фирдавсӣ гуфта шуд, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар нимсолаи аввали соли 2023 аз 177 корхонаи саноатӣ 116 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100 фоиз зиёд, 28 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100 фоиз кам ва 33 корхонаи дигар бо сабабҳои гуногун фаъолият накардаанд. Дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе ҳудуди ноҳия васеъ гардида, аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба ин ноҳияи шаҳр замин ва бинову иншоот ворид гардидааст. Дар самти ба инфрасохтори шаҳр мутобиқ намудани он корҳои зарурӣ идома дорад. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабарнигорон ба ин масъала низ таваҷҷуҳ намуданд.

Инчунин зимни баромад гуфта шуд, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши савдо 1 миллиону 245,5 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо дарназардошти индекси нархҳои истеъмолӣ 139,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар моҳҳои январ-июни соли равон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 370,9 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42, 8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"