image

Мулоқоти масъулини андоз бо соҳибкорони "Бозори Корвон"

date_range10.08.2023, 15:55 chat_bubble_outline0 remove_red_eye327

Ҷиҳати иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» масъулини мақомоти андоз бо соҳибкорон ва шахсони воқеиву ҳуқуқӣ мулоқот ва машварат доир намуда, зимни он тамоми паҳлуҳои пардохти андоз ва дигар боҷҳо тариқи ғайринақдӣ фаҳмонида шуд.

Намоянадгони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо масъулини Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ин навбат бо соҳикборон ва кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бозори Корвон» вобаста ба амалӣ гардидани тадбирҳо ҷиҳати вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва пардохти андоз ва дигар боҷҳо ба тариқи ғайринақдӣ мулоқот анҷом доданд.

Масъулин зимни мулоқот изҳор доштанд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» (аз 22 июни соли 2023, №586) аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ (хизматрасониҳои музднок) тариқи ғайринақдӣ амалӣ гардида истодааст. Аз ҳамин лиҳоз аз соҳикборон ва дигар кормандони бозор даъват карда шуд, ки барои ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, воридоти ғайриандозӣ ва маблағи ҷаримаҳо, аз низоми эквайрингии Кумитаи андоз, ҳамёни электронӣ (замимаи мобилӣ) ва ПОС – терминалҳо, ки дар шуъбаҳо ва марказҳои хизматрасонии Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” насб карда шудаанд, истифода намоед.

Дар баробари ин дар Маркази савдои Кушониён аз ҷониби масъулин ба соҳибкорон моҳияти қонунугзории андоз ва дигар хизматрасониҳои давлатие, ки мақомоти андоз барои беҳтар кардани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва шаҳрвандон равона гардидаааст, фаҳмонида шуд.

Аз ҷумла ба соҳибкорон имокният дода шудааст, ки тавассути замимаҳои мобилӣ маблағи андозро пардохт намоянд ва дар баробари ин соҳибкороне, ки имокнияти пардохтҳои техникиро надоранд, метавонанд тавассути сомонаи кумтаи андоз аз хизматрасониҳои эквайрингии мақомоти андоз истифода намоянд.

Дар интиҳои мулоқот аз ҷониби масъулин ба соҳибкорон баҳри пайдо намудани маълумоти иловагӣ ҳафтаномаи Боҷу хироҷ ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардид.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"