«Риояи қонунҳои миллӣ-омили муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа» баррасии ин мавзуъ бо ширкати фаъолони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Риояи қонунҳои миллӣ-омили муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа» мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар ҷамъомад муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана, ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, бонувони фаъоли вазорату идораҳо, кормандони ҳизбӣ ва масъулини нашрияҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории мизи мудаввари мазкур, таъмини иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», Қонуни Ҷумҳурии «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ», риояи ҳатмӣ ва дар амал татбиқ намудани онҳо, ҳамзамон пешгирии омилҳои номатлуб миёни занону ҷавондухтарон аз қабили ҷинояткориву худкушӣ ва пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон мебошад.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ