ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПОЙТАХТ
Дар кишвари мо ҳамасола санаи 10 август ҳамчун "Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон" бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони МИҲД шаҳри Душанбе, собиқадорону варзишгарон, масъулини соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва мураббиёни варзиш чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Дар майдони баргузории ҳамоиш намоиши дастовардҳои варзишгарон роҳандозӣ гардид. Намояндагони Вазорату идораҳо, роҳбарияти пойтахт ва сохторҳои шаҳрӣ аз дастовардҳои варзишгарон дидан карда, ба онҳо барору муваффақиятҳо таманно карданд. Тавре дар қисмати расмӣ гуфта шуд "Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар баробари ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстии миёни инсонҳо ва кишварҳои ҷаҳон аст. Инчунин варзиш омили муҳими ҷаҳоншиносии инсон, ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардидани халқу миллатҳо ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон мебошад.
Боиси ифтихор ва шарафмандӣ аст, ки варзишгарони тоҷик дар қатори ҳазорон шаҳрвандони ба нангу номуси Тоҷикистон имрӯзҳо дар ин соҳа хизматҳои шоиста намуда, баҳри баланд гардидани нуфузу эътибор ва шарафи Ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар идома доир ба дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ ва пешрафти ин соҳа дар пойтахти кишвар сухан рафт. Иброз шуд, ки дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе маҷмааву варзишгоҳҳои ба талаботи ҷаҳон ҷавобгӯй сохта ба истифода супорида шудаанд. Ҳамин аст, ки чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар пойтахт пайваста роҳандозӣ карда мешаванд. Маҳз, ғамхориҳои варзишпарваронаи Пешвои миллат боиси устуворгардии базаи моддию техникӣ барои оммавигардонии варзиш ва омода намудани варзишгарони касбии сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ гардид.
Тибқи иттилои масъулин ҳоло дар ҷумҳурӣ 10 ҳазору 768 иншооти варзишӣ мавҷуд аст, ки теъдоди он дар замони соҳибистиқлолӣ дар муқоиса ба 70 соли замони пеш беш аз 9 маротиба афзоиш ёфтааст.
Идомаи ҳамоиш бо рақсҳои ҷолиб ва суруду таронаҳо дар васфи Тоҷикистони маҳбуб ҷараён гирифт. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣ давра ба давра таҳия ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки ба рушди соҳаи варзиш заминаи мусоид гузошт.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ