Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти МИҲД шаҳри Душанбе ва масъулини соҳаи варзиши кишвар собиқадорони соҳаи варзиш ва варзишгарону муррабиён, чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим варзишгарону мураббиён, кормандони соҳа ва собиқадорони варзишро аз номи раиси шаҳри Душанбе ба муносибати иди касбиашон табрик намуда, аз дастоварду комёбиҳои парчамбардорони кишвар ёдовар гардид ва бо қаноатмандӣ зикр кард: “Боиси сарфарозист, ки бо пешниҳод ва ташаббуси Пешвои миллат аз соли 2011 инҷониб 10 август Рӯзи варзишгарон таҷлил карда мешавад ва он ҳамчун санаи ҷашнӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” сабт гардидааст. Мусаллам аст, ки шахсони солиму тавоно аз лиҳози ҷисмониву рӯҳӣ обутобёфта ва ғаюру далер, шуҷоатманду ватандӯст ва соҳиби ахлоқи неку барои ҳар як давлат хеле аҳмиятнок ба шумор меравад”.
Зимни суханрони қайд карда, шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи варзишро ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии сокинон таъмин намуда истодааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар кишвар 9317 иншооти гуногуни варзишӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумора 122 варзишгоҳ, 6619 майдончаи варзишӣ, 1702 толори варзишӣ, 88 ҳавзи шиноварӣ ва 788 маҷмааи варзишӣ барои тарбияи варзишгарони касбӣ ва солимии ҷоме хизмат мекунанд.
Дар идома баромадкунандагон афзуданд, ки мо бояд, барои солимии ҷомеа ҷиҳати рушду инкишофи самтҳои гуногуни варзиш, бахусус ҷалби бештари сокинон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, наврасону ҷавононро бештар дар рӯҳияи танумандию шуҷоатмандӣ ва худшиносию ватандӯстӣ тарбия намоем. Пас аз он як зумра собиқадорон, мураббиён бо туҳфаҳои омода намудаи Кумитаи кор бо ҷавон ва варзиши назди ҳукумати ҶТ қадрдонӣ карда шуданд.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ