image

Ҳафтаи ғизодиҳии табии кӯдакон дар МСШ№14

date_range11.08.2023, 11:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye343

Ҳамасола моҳи август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи Даҳаи кӯмак ва дастгирии ғизодиҳӣ бо шири модар гузаронида мешавад. Имсол чорабинии мазкур таҳти шиори «Фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини шири модар дар ҷойи кор» ҷараён дорад.

Дар доираи Ҳафтаи умумиҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табии кӯдакон дар Муассисаи давлати маркази саломатии шаҳрии рақами 14 чорабинии иттилоотӣ-фарҳангӣ доир гардид. Чорабинии иттилоотӣ-маърифатӣ дар маркази саломатии шаҳрии №14, ки бо иштироки мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва модарон бахшида ба Даҳаи кӯмак ва дастгирии ғизодиҳӣ бо шири Модар ҷараён гирифт, бо садои аллаи модар оғоз ёфт.

Даҳаи кӯмак ва дастгирии ғизодиҳӣ бо шири Модар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1 август шуруъ шуд ва то 25 август ҷараён мегирад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020 – 2025” таҳия намуда, онро дар амал татбиқ карда истодааст. 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак ин аз рӯзи ҳомиладорӣ то синни 2 солагии кӯдак баҳисоб меравад, ки ғизои солим, нигоҳубини мувофиқ, инкишофи ҷисмонӣ, ақлонӣ-рӯҳии кӯдаконро дарбар мегирад.

Умед Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"