image

Фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Зеби дастрахон» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид

date_range12.08.2023, 16:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye275

12-уми август бо ташаббуси Иттифоқи Тоҷикматлубот дар доираи «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе даври сеюми фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Зеби дастрахон» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва диагр масъулин иштирок ва аз таомҳои миллӣ ва дигар маҳсулоти нонии шаҳру ноҳияҳои кишвар боздид карданд.

Бояд хотиррасон кард, ки теъдоди зиёди таомҳои миллии тоҷикон бо мурури замон аз ёди наслҳо рафта, имрӯз мавриди пухтупаз қарор намегиранд. Ҳадаф ва мақсади баргузор намудани чунин фестивалҳо ҳифз ва нигоҳдошти беҳтарин анъана ва суннатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси худшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ, баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон, муаррифии занони ҳунарманду кадбонуҳои соҳибистеъдод мебошад.

Бино ба иттилои масъулин, ҳадафи баргузории Фестивали мазкур дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, муаррифии фарҳангу маданияти воло, эҳёи ҳунарҳои азбайнрафта, ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб намудани занону духтарон, маъюбон ва дар рӯҳияи ватанпарастӣ, хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон мебошад.

Масъулини Иттифоқи Тоҷикматлубот изҳор доштанд, ки дар Фестивал ҳунармандону кадбонувони вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Рашт, шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Файзобод, Роғун, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо намоиши таомҳои миллӣ, маҳсулоти нонӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иштирок мекунанд.

Дар интиҳои чорабинӣ ба намояндагони тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷиҳати иштироки фаъолона дар даври сеюми фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Зеби дастрахон» сипосномаи Иттифоқи Тоҷикмталубот ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуда, барномаи фарҳангиву фароғати пешниҳоди иштирокчиён ва сайругашткунандагони боғ гардид.

Валиҷон Шарифзода 

"ТВ Душанбе"