Баргузории "Рӯзи фарҳангии шаҳри Истиқлол дар Душанбе"
Дар Боғи Ҷавонони шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангии шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд доир гардид. Дар ин намоиш – фӯруш намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол иштирок намуда, аз маҳсули дасти кишоварзону ҳунармандон дидан намуданд.
Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд дар Боғи Ҷавонони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳти унвонин “Рӯзи фарҳангии шаҳри Истиқлол дар Душанбе” доир гардид.
Дар ин чорабинии фарҳангӣ ҳунарҳои қадимаи миллати тоҷик, кадбонуӣ, ҳунармандӣ ва меҳмоннавозии тоҷикон муаррифӣ карда шуд. Сокинон ва меҳмонони пойтахт ҳангоми боздид аз гӯшаҳои ҳунармандӣ бо урфу одат ва дастарxондории сокинони шаҳри Истиқлол шинос шуданд. Дастархондорон ҳар гӯшаи алоҳидаи дастовардҳои худро ба шаҳрдорон муаррифӣ намуданд. Анвои пухтупази нонӣ, хӯрокҳои миллӣ, сабзавоту меваҷот, қуроқдузӣ ва бофтаниҳо, ки ба маъраз гузошта шуда буд, фазои чорабинии фарҳангиро файзбор кард. Шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд маҳсулоти кишоварзиро камтар аз дигар шаҳру ноҳияҳо пешниҳоди харидорон кард. Зеро ин шаҳр аграрӣ нест ва маҳсулоти кишоварзӣ дар он камтар ҷамъоварӣ мешавад. Маҳсулоти ниёзи аввалия ҳарчанд камтар буд, вале бо нархи арзон ба фурӯш гузошта шуд. Картошка 4 сомонӣ барои як киллограм, сабзӣ 3 сомонӣ барои як киллограм ва пиёз 1 сомонию 50 дирам барои як киллограм ба фурӯш гузошта шуд. Сокинони пойтахт бо хушнуди маҳсулоти ниёзи аввалро харидорӣ карданд ва барои ташкилкунандагони чунин чорабиниҳо миннатдорӣ баён намуданд. Дар майдони баргузории чорабинии “Рӯзи фарҳангии шаҳри Истиқлол дар Душанбе” хонаи Истиқлол пур аз дастдӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ буду гӯшаи саноатӣ пур аз маҳсулоти истеҳсолӣ.
Баъд аз намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ барномаи фарҳангии санъаткорони шаҳри Истиқлол шуруъ шуд. Қабл аз оғози барномаи консертӣ роҳбарияти шаҳри Истиқлол ва муовини Раиси шаҳри Душанбе суханронӣ карда, бо шукрона аз замони соҳибистиқлолии мамлакат қайд намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳо оину суннатҳои деринаи мардуми моро эҳё гардонида, дар шинохти миллат ба хориҷиён саҳми беназир мегузорад. Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Раиси шаҳри Истиқлол дар фазои сулҳу оромии кишвар ба якдигар сипосномаҳо тақдим намуданд. Барномаи мукаммали фарҳангӣ бо иштироки санъаткорони шаҳри Истиқлол ҷолибу диданӣ баргузор гардид.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ