image

Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангии ноҳияи Шуғнон

date_range14.08.2023, 15:50 chat_bubble_outline0 remove_red_eye195

Бо мақсади пешниҳоди маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас ва фаровонии бозори истеъмолии сокинони пойтахт дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе намоиш-ярмаркаи маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Шуғнон доир гашт.

Дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон, ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва сокинону истиқоматкунандагони ноҳия иштирок намуданд. Дар ин рӯз аз ҷониби ҳунармандони ноҳияи Шуғнон дар Боғи сабзу хуррами Ирам барномаи фарҳангиву адабӣ доир гашт.

Иштирокчиён аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии ноҳияи Шуғнон, ки дар саҳни боғ идона оро ёфта буд, боздид намуданд. Дар ин рӯз тамоми ҳунармандони ноҳияи Шуғнон, ки маҳсули корашон алоқамандони зиёд доранд, дар намоиш иштироки фаъолона доштанд. Ёдовар мешавем, ки то имрӯз 36 шаҳру ноҳияҳои кишвар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои пойтахти мамлакат баргузор намуданд.

Бояд гуфт, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе то 3 сентябр идома меёбанд.

Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода суханронӣ намуда, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии ноҳияи Шуғнон дар пойтахти кишвар миннатдории роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимяити давлатии шаҳри Душанберо расонид. Сипас ҳунармандон бо иҷрои суруду таронаҳои васфкунандаи Ватан, Модар, Тоҷикистон, Душанбе хотири иштирокчиён ва меҳмонону сайёҳони пойтахти кишварро шоду болида гардониданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"