Оғози даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Душанбе
Дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ифтитоҳ гардид. Барои иштирок дар даври шаҳрии Озмуни мазкур аз 4 ноҳияи пойтахт, зиёда аз 400 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва сокинони касбу кор ва синну соли гуногун пешниҳод шудаанд.
Дар маросими ифтитоҳи даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, олимону донишмандон ва дигар меҳмонону масъулон иштирок ва суханронӣ намуданд. Сиҷоуддин Саломзода - муовини Раиси шаҳри Душанбе гуфт, иштироки наврасони пойтахт дар озмун ба осонӣ ба даст наомадааст, зеро онҳо дар таътили тобистона китоб хонданду шеър аз ёд карда, омодагии ҷиддӣ диданд.
Баъд аз муаррифии ҳайати ҳакамон ва хайрамақмад гуфтани меҳмонон иштирокчиёни даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба толору синфҳои алоҳида гузашта, ҳар довталаб дар номинатсияҳои интихобӣ ба санҷиши савияи дониши худ оғоз карданд.
Гуфта мешавад, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” соли панҷум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад. Баргузории чунин озмунҳо ба дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд мусоидат менамояд.
Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи 6 номина ҷараён мегирнад: - Номинатсияи адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср.
Ҷиҳати ҳавасмандсозии шумораи зиёди иштрокчиёни озмуни имсола миқдори ҷойҳои 3-юми ғолибони ҳамаи номинатсияҳо аз ду нафар ба се нафар расонида шуда, дар маҷмуъ ғолибони ҳар як номинатсия ба 6 адад расонида шуд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҷойҳои ифтихорӣ барои ғолибони даври ҷумҳуриявӣ нисбат ба соли 2022 аз 95 ба 121 ҷой зиёд карда шуд. Ҳамзамон шумораи мукофотҳои пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ғолиби ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоиза мегарданд, 15 адад зиёд гардида, то ба 61 адад расонида шуд.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ