Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумиву таомҳои миллии сокинони ноҳияи Зафаробод доир шуд
Дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 3-юми сентябр дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон доир мегардад. 13-уми август намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии ноҳияи Зафаробод дар Боғи Куруши Кабир баргузор гардид.
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумиву таомҳои миллии сокинони ноҳияи Зафаробод намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод ва ноҳияи Шоҳмансур ва дигар сокинону фаъолон ва ҳунармандони ноҳия аз намоиши ҳунарҳои марудмӣ ва таомҳои миллии ҳунармандони ноҳияи Зафаробод, ки дар даромадгоҳ ва саҳни Боғи Куруши Кабир идона ороста шуда буд, боздид намуданд.
Масъулин изҳор доштанд, ки ҳадаф аз баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе шиносоӣ ва муаррифии фарҳангу тамаддун ва анъанаву таомҳои миллии тоҷикон ва сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар ба сокинони пойтахт мебошад.
Дар ҷараёни намоиши ҳунарҳои марудмӣ ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Зафаробод ҳунарҳои пӯхтани маҳсулоти нонӣ, омодакунии таъомҳои миллӣ, қолинбофӣ, пиликбофӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, попурзанӣ, кандакорӣ, табақтарошӣ ва дигар намуди ҳунарҳои дастии худро муаррифӣ менамоянд. Дар ин рӯз тамоми ҳунармандони ноҳияи Зафаробод, ки маҳсули корашон алоқамандони зиёд доранд, дар намоиш иштироки фаъолона доштанд. Ҳамзамон дар ин рӯз аз ҷониби санъаткорону ҳунармнадони ноҳияи Зафаробод дар боғи Куруши Кабир барномаи фарҳангиву адабӣ доир гашт.
Дар оғози чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Сиҷоуддин Саломзода суханронӣ намуда, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии ноҳияи Зафаробод дар пойтахти кишвар миннатдории роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимяити давлатии шаҳри Душанберо расонид.
Сипас ҳунармандон бо иҷрои суруду таронаҳои васфкунандаи Ватан, Модар, Тоҷикистон, Душанбе хотири иштирокчиён ва меҳмонону сайёҳони пойтахти кишварро шоду болида гардониданд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ