Дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии “Дастархонороӣ” ҷамъбаст гардид
Дар даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳурявии “Дастархонороӣ” шаҳру ноҳияҳое, ки холҳои баланд гирифта, дар дигар даврҳои озмун ғолиб омадаанд бо омодагии ҳамаҷониба иштирок карданд. Иштирокчиёни озмун бо риояи баланди фарҳанги меҳмондории тоҷикӣ ва дар доираи риои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну анъана ва маросимҳо оро дода шуд буданд.
Фарҳанги дастархонороӣ, ҷузъе аз анъанаҳои фарҳанги меҳмоннавозии тоҷикон ба шумор меравад ва ҳамин аст, ки мардуми тоҷик бо сатҳи баланди меҳмондорӣ дар сартосари ҷаҳон маъмуланд. Озмуни мазкур дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе аз 3 феврали соли 2020 доир гардида, ҳадафи он омӯзиши сарфакоронаву моҳирона ва ҳунармандона оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо мебошад.
Дар ин даври озмун намояндагони шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Исфара, Ваҳдат, ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ, Ёвон ва Тоҷикобод иштирок карданд. Ҳар як шаҳру ноҳия бо риояи талаботҳои озмун навъҳои гуногуни хӯроку хӯриш ва маҳсулотҳои нонии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонро пешниҳод карда буд. Пеш аз оғози чорабинӣ раиси кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо суханронӣ карда, иброз дошт, ки миллати тамаддунофари тоҷик яке аз қадимтарин мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ бо мероси бойи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддӣ мақоми шоиста касб намудааст. Халқи тоҷик на танҳо дар бахши омодасозии анвои таомҳои миллӣ, балки дар дастархонороӣ низ маҳорати баланд дошта, хони оростаи ҳунармандон на фақат чорабиниҳои хонаводагӣ, балки ҷашнҳои пуршукӯҳи идонаи миллиро зебу зиннати хоса мебахшад.
Баъд аз анҷоми суханронӣ аъзои ҳакамон аз ороиши дастархонҳои омоданамудаи намояндагони шаҳру ноҳияҳо дидан карда, ба онҳо баҳои баланд доданд ва баъд аз натиҷагирии овоздиҳӣ ноҳияи синои шаҳри душанберо ба ҷои аввал сазовор донистанд. Дар охири чорабинӣ ғолибон аз ҷониби мақомоти иқроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мукофотҳои пулӣ, диплом ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ