image

Имсол Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 65 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд

date_range15.08.2023, 15:29 chat_bubble_outline0 remove_red_eye237

Дар шашмоҳаи соли таҳсили 2023 теъдоди умумии омӯзгорони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон 307 нафар, аз ин миқдор 149 нафар омӯзгорони унвондор мебошанд, ки нисбати шашмоҳаи соли 2022, 9 воҳиди корӣ аз ҳисоби омӯзгорони унвондор зиёд шудааст.

Роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни натиҷагири аз фаъолияти нимсолаи аввали худ иброз доштанд, ки “Дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар 6 моҳи соли 2023 тибқи Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ барои соли 2023, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 22 курси нақшавӣ баргузор гардид. Дар курсҳои мазкур ҳамагӣ 1289 нафар иштирок намуданд, ки аз ин 567 нафар то 35-сола мебошанд.

Дар Академия фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби ҳайати устодону профессорони кафедраҳо, марказҳои омӯзишӣ ва пажуҳишгоҳҳо, аз ҷумла “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”, Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ, Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ анҷом дода мешавад.

Гуфта шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи илму дониш, табодули таҷриба ва сайқал додани маҳорату малакаи касбии устодон ва кормандони Академия дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии ҳамшарик пайваста сафарҳои омӯзишӣ ташкил ва роҳандозӣ мегарданд. Тибқи иттилоъ Дар маҷмуъ, айни замон дар Академия 15 ихтисос дар зинаи докторантураи PhD ва 10 ихтисос дар зинаи докторантураи анъанавӣ амал мекунад. Айни ҳол 38 нафар докторант ва 236 унвонҷӯ ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"