“Тоҷикистон – Ватани азизи ман” - минбари санҷиши маҳорат
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз рӯйи ду номинатсияи нав: - санъати тасвирӣ ва дизайн ҷараён дорад. Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» то имрӯз аз рӯйи се номинатсия амал мекард. Соли ҷорӣ бо иловаи ду номинаи дигар шумораи номинатсияҳо дар озмун ба 5 адад расид: композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн. Ҳамин тавр имсол дар озмун довталабон аз рӯйи жанрҳои санъати тасвирӣ (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра), ороиши амалӣ (кулолгарӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб), дизайни графика, реклама, дизайни дохили бино, дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ ширкат меварзанд. Иштирокчиёни даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» асарҳои худро бо номгӯйи “Саҳифаи таърихи халқи тоҷик”, “Дирӯзу имрузи тоҷикон”, “Ватан - ганҷи бебаҳост”, “ҳунарҳои мардумӣ”, “Об манбаи ҳаёт”, “Истиқлолият”, “Варзишгарони тоҷик”, “Наврӯз”, “Бӯйи ҷӯйи мӯлиён ояд ҳаме...” пешкаши ҳайати ҳамкамон карданд, ки ба муқаррароти умумии озмун мутобиқ ва мувофиқ мебошад.
Иштирокчиён дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» нақшу нигори миллӣ бо муҳра, санъати ороиши амалӣ ва бо қолинбофӣ низ асарҳои худро пешниҳод карданд. Илова шудани ду номинаи дигар ба озмун ба иштирокчиён имкон фароҳам овард, ки ҳунару маҳорати худро сайқал бидиҳанд.
Ёдрас мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум намоянд, гузаронида мешавад.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ