image

Эълон: Намоиш - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангӣ дар боғҳо

date_range17.08.2023, 10:59 chat_bubble_outline0 remove_red_eye182

Ба таваҷҷуҳи сокинону меҳмонони пойтахт расонида мешавад, ки дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бағҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе намоиш - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2023 ба роҳ монда шудааст.

Рӯзи 19-уми август аз соати 8:00 то 11:00 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ намоиш фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии ноҳияи Деваштич, дар Боғи «Куруши Кабир» аз ноҳияи Ванҷ ва дар Боғи Кӯли ҷавонон дар ҳамин соат намоиш - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳрҳои Левакант ва Норак ташкил карда мешавад.

Ҳамчунин дар ин боғҳо аз соати 17:00 то 20:00 барномаҳои адабиву фарҳангии ноҳияҳои Деваштичу Ванҷ ва шаҳрҳои Леваканту Норак гузаронида мешавад. Рӯзи 20-уми август бошад, аз соати 8:00 то 11:00 дар Боғи «Алишер Навоӣ» намоиш - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллии ноҳияҳои Шаҳристону Кӯҳистони Мастчоҳ, дар Боғи Ирам аз ноҳияи Дарвоз ва дар Боғи Фарҳангу фароғатии ба номи «Абулқосим Фирдавсӣ» аз шаҳри Бохтар баргузор мешавад. Намоишҳои фарҳангӣ ва барномаҳои ҳунарии ноҳияҳои Шаҳристону Кӯҳистони Мастчоҳ, Дарвоз ва шаҳри Бохтар 20-уми август аз соати 17:00 то 20:00 дар боғҳои мазкур гузаронида мешавад.

Сокинону меҳмонони пойтахи метавонанд дар раванди ин тадбирҳо ширкат намуда, маҳсулоти кишоварзиро бо нархи дастрас харид намоянд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"