image

Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range18.08.2023, 14:41 chat_bubble_outline0 remove_red_eye317

Ҷиҳати таҷлили арзанда аз Рӯзи кормандони соҳаи тандурстӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори мақомот бо иштироки роҳбарияти Раёсати танудурустии шаҳри Душанбе, собиқадорони соҳаи тиб, роҳбарон ва кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва дигар фаъолон ҷамъомади тантанавӣ доир гашт.

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 август ҳамчун Рӯзи кормандони тиб таҷлил карда мешавад. Парлумони ҷумҳурӣ соли 1995 Иди касбии табибонро ба номгӯи идҳои давлатӣ ворид намуд ва он ҳамасола дар зодрӯзи Ҳаким Абӯалӣ ибни Сино ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷамъомади тантанавии идона доир гашт, ки дар кори он роҳбарияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, собиқадори соҳаи тандурустӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, роҳбарон ва кормандони муассисаҳои соҳаи тиб ва дигар фаъолони соҳа иштирок намуданд.

Маърӯзачиён дар баромади хеш қайд намуданд, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар даҳсолаи охир бомаром рушд кардааст ва имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон барои рушди соҳа ва сиҳатии мардум шабу рӯз талош мекунанд ва заҳмат мекашанд.

Таъкид рафт, ки давоми солҳои охир бо таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат, хосса, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи тандурустии пойтахт ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, давоми сол шумораи зиёди кормандони соҳаи тандурустӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, корро бо муосиртарин дастгоҳҳои тиббӣ омӯхтанд.

Бояд гуфт, ки табибони пойтахт шабонарӯзӣ фаъолият намуда, барои таъмини солимии ҷомеа пайваста саҳм мегузоранд ва дар навбати худ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастгирӣ меёбанд.

Дар ҷараёни ҷамъомади танатанвии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба 50 нафар кормандони фаъоли соҳаи тиб, ки дар ҳудуди ноҳия кору фаъолият намуда истодаанд, сипоснома ва туҳфаҳои молӣ тақдим шуд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"