image

«Ҷавонон барои саломатӣ» - ташкили чорабиниҳо таҳти чунин унвон

date_range17.08.2023, 15:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye270

Бо мусоидати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе машварати омӯзишӣ доир гардид. Дар машварати омӯзишии - «Ҷавонон барои саломатӣ» ихтиёриён роҳу усулҳои эмин мондан аз гирифторшавӣ ба ҳар гуна бемориҳоро омӯхтанд.

Одамон чӣ тавр метавонанд худро аз гирифторшавӣ ба ҳар гуна бемориҳо эмин нигоҳ доранд? Ба ин суол ҷавонони ихтиёрӣ дар машварати омӯзишӣ на танҳо посух гирифтанд, балки бо ба даст овардани маълумоти бештар, ҳамакнун метавонанд ба атрофиён роҳу усулҳои эмин мондан аз мубталошавӣ ба бемориҳоро фаҳмонанд. Ихтиёриён аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати омӯзишӣ ба се гурӯҳ: - «Ватандӯст», «Саломатӣ» ва «Дӯст» тақсим шуда, бо методи кумаки ҳамсол ба ҳамсол мубодилаи афкор намуданд. Ҷавонон вобаста ба тарзи ҳаёти солим он чӣ ки ба зеҳнашон меомад, рӯйи коғаз оварда, андешаҳои худро ба тренери машварати омӯзишӣ, доктор - Ораш Алоӣ баён намуданд.

Машварати омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи «Ҷавонон барои саломатӣ» доир гардид, ки мақсади баргузории онро масъулин ба омӯзиши оддитарин роҳҳои пешбурди тарзи ҳаёти солим ба ҷавонон рабт доданд.

Ҳифзи саломатӣ ва ташаккули рушди ҷисмонии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки стратегиияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба шумор меравад. Дар доираи ҳамин стратегия масъалаҳои рушди ҷисмонӣ ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷомеа ба миён меояд, ки марҳила ба марҳила дар амал татбиқ карда мешавад.

Дар ин замина ёдрас мешавем, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи рушди миллии «Ҷавонони Ҷумурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027» лоиҳаи «Ҷавонон барои саломатӣ»-ро дар амал татбиқ карда истодааст, ки мақсади он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон мебошад.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"