Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»
18-уми август, зодрӯзи шайхурраис, пири ҳакимони машриқзамин ва табиби ҳозиқ Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун Иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ дар мамлакат қайд карда мешавад. Ба ин муносибат ҳамасола табибони пойтахт низ дар шаҳр ҳамоишу чорабиниҳои гуногунро ташкил менамоянд. Бо ибтикори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ба ин муносибат ҳамоиш баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон, масъулини Федератсияи иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон, роҳбарияту кормандони Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияиҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, собиқадорони соҳа ва кормандони бахши тандурустии пойтахт ширкат намуданд.
Тавре зимни баромадҳо зикр шуд давоми солҳои охир бо таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат ватадбирандешиҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи тандурустии пойтахт ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонони шаҳр ба маротиб беҳтар гардидааст.
Дар ҷараёни чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ, ки ба муносибати иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил гардидааст, ба як қатор табибони фаъол, ки дар рушди соҳа ва пешбурди бахши тандурустӣ дар шаҳр саҳми назаррас доранд, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон ғолибони як қатор озмунҳои касбии соҳаи тандурустии шаҳр низ қадрдонӣ ва ҳавасманд шуданд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ