image

Баргузории машварати омӯзишии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

date_range18.08.2023, 09:49 chat_bubble_outline0 remove_red_eye295

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Дастгоҳи Кумитаи Иҷрояи Марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар толори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати омӯзиширо бо иштироки муовинони раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, кормандони масъули ҳизбӣ ва гурӯҳҳои таблиғотии ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор намуд.

Дар ҷамъомад Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷрояи Марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, Раисони Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода зимни чорабинӣ зикр дошт, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон аз 30-юми ноябри соли 2022 ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишҳои сиёсии раисони кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ дастуру супоришҳо дода, аз ҷумла иброз доштанд, ки «Дар ин кор зарур аст, ки масъалаи салоҳиятнокии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, таҷдиди назар гардида, онҳо ба курсу семинарҳои мунтазами такмили ихтисос ҷалб карда шаванд».

Вобаста ба ин, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон семинарҳои омӯзиширо бо иштироки муовинони раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, кормандони масъули ҳизбӣ ва гурӯҳҳои таблиғотӣ ташкил кардааст. Дар ин зимн масъулин дар мавзӯҳои «Шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Танзими ҳуҷҷатнигорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва истифодаи низомномаҳои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти онҳо» бо баромаду маърӯзаҳои пурмуҳтавою таҳлилӣ суханронӣ карданд.

Зикр гардид, ки мақсад аз баргузории машварати мазкур баланд бардоштани сатҳу савияи донишҳои сиёсии муовинони раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва гурӯҳҳои таблиғотӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва шуури сиёсӣ, малакаи корӣ, омӯзиши равандҳои муосири технологӣ, таҳлили вазъи дохилӣ ва берунӣ, тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ, шарҳу тавзеҳи мазмуну муҳтавои тағйиру иловаҳое, ки ба як қатор низомномаву санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ворид карда шудаанд ва вусъати раванди корҳои таблиғотӣ мебошад.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"