image

ВАРЗИШ-ҚОСИДИ СУЛҲ, ДӮСТӢ, СОЛИМӢ ВА ЗЕБОӢ

date_range18.08.2023, 10:39 chat_bubble_outline0 remove_red_eye423

Дар шаҳри Душанбе III-юмин Форуми шаҳрии варзишгарони пойтахт баргузор гардид. Форуми мазкур ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ва 32-солагии Истиқлоли давлатӣ бахшида шуда буд.

Дар форуми мазкур роҳбарияти шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, намояндагони сохторҳои соҳаи варзиш ва мураббиёну варзишгарон иштирок доштанд.

Дар форум вобаста ба  дастовардҳои соҳаи варзиши кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ сухан рафт.

Солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ва шаҳрдори Душанбе ба соҳаи варзиш зиёд гардидааст. Ҳамин аст ки маҷмааву толорҳои зиёди муосири варзиши сохта ба истифода дода шудаанд, ки ин дар рушди бештари соҳа заминаи хубе мегузорад.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"