image

Семинари машварати-омӯзишӣ таҳти унвони «Нақши занон дар рушди соҳикборӣ» доир шуд

date_range19.08.2023, 11:50 chat_bubble_outline0 remove_red_eye259

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои бандҳои 10 ва 13 нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 26 июли соли 2021, №434 тасдиқ гардидааст, ҷиҳати беҳтар кардани ҷанбаҳои гендерии рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор “Кадбону” бо иштироки занони соҳибкору ташаббускор семинари машваратӣ - омӯзишӣ таҳти унвони «Нақши занон дар рушди соҳибкорӣ» ташкил ва баргузор намуд.

Тавре зимни машварат қайд шуд, барои васеъ кардани имкониятҳои иқтисодии занон, рушди фаъолияти соҳибкорӣ байни табақаҳои осебпазири аҳолӣ барои машварати ҳуқуқӣ, гузаронидани омӯзишҳои касбию техникӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои занҳои соҳибкор нақши Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкор «Кадбону» ва Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон хеле назаррас мебошад.

Бояд қайд намоем, ки айни замон, дар шаҳри Душанбе 43284 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ки аз инҳо 10553 нафар занон мебошанд (тибқи патент-7273, тибқи шаҳодатнома-2378, шахси ҳуқуқӣ аз ҷумла таҳти роҳбарии занон-902 нафар) кору фаъолият доранд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба соҳибкорони ташаббускори, корхонаву муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар корҳои ҷамъиятӣ, саҳмгузорӣ дар татбиқи босамари сиёсати давлатии занон, нишон додани эҳсоси баланди худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дар татбиқи нақшаву ибтикороти шаҳрдорӣ мусоидат намудаанд, сипосномаву туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим гардид.

Валиҷон Шарифзода

"ТВ Душанбе"