image

Зери унвони «Арзишҳои навин дар мазмуни таҳсилоти томактабӣ ва роҳҳои амалисозии онҳо» машварати августии мудирони муассисаҳои таълимии томактабӣ доир шуд

date_range19.08.2023, 12:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye219

Дар доираи нақша-чорабиниҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар Ширхоргоҳ-кӯдакистони №126-и ноҳияи Фирдавсӣ машварати августии мудирони муассисаҳои таълимии томактабии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар чорабинӣ муҳимтарин масъалаҳои роҳбарӣ дар муассисаҳои томактабӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Дар машварати августии мудирони муассисаҳои таълимии томактабии шаҳри Душанбе намояндагони Сарраёсати маорифи пойтахт, кормандони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳр ва мудирони муассисаҳои томактабии ҳудуди пойтат фаъолона ширкат намуданд. Машварат зери унвони «Арзишҳои навин дар мазмуни таҳсилоти томактабӣ ва роҳҳои амалисозии онҳо» баргузор гардид. Масъулин доир ба мавзӯи мавриди назар маърузаҳо пешниҳод намуданд. Мутобиқшавии кӯдакони синни томактабӣ ба муассисаҳои томактабӣ, "Ташкили фаъолияти таълимии кӯдакони синни томактабӣ тибқи талаботи қонуни ҶТ «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ", "Аҳамияти бозиҳои серҳаракат дар инкишофи ҷисмонии кӯдакон" ва "Рушди маҳорату малакаи кӯдакони синни томактабӣ оид ба ҳунарҳои мардумӣ" аз ҷумлаи мавзуъҳои баррасишуда дар ҷараёни кори машварат буд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола чун анъана машварати августии кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла машварати мудирони кӯдакистонҳои ҳудуди ноҳияҳои шаҳри Душанбе низ гузаронида шуда, дастоварду норасоӣ ва пешравиҳои мудирон дар бахши роҳбарӣ таҳлилу баррасӣ мегардад.

Маврид базикр аст, ки сол то сол фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар мамлакат беҳтар гардида, бунёди биноҳои маъмурӣ дар ин самт босуръат ҷараён доранд.

Саодат Тоирӣ

"ТВ Душанбе"