image

«МАЪРИФАТ-2023» - Озмуни байнимуассисавӣ дар ноҳияи Шоҳмансур

date_range19.08.2023, 13:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye349

19-уми август дар Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур» Озмуни байнимуассисавии «МАЪРИФАТ-2023 бо иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз рӯйи фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ баргузор гардид.

Дар он 90 нафар хонанда аз 27 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур аз рӯйи 5 фан: забони англисӣ, таърих, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус ва ҳуқуқ байни ҳам рақобат намуданд. Тавре ки иттилоъ дода шуд, хонандагон аз фанҳои забони тоҷикӣ ва забони русӣ кори хаттӣ, аз фанҳои забони англисӣ, таърих ва ҳуқуқ тест месупоранд.

Тадбири мазкур соли аввал аст, ки дар даври татили тобистонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансур гузаронида мешавад ва ин иқдом минбаъд низ идома дода мешавад. Бояд гуфт, ки аз ҷониби Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур миёни хонандагон озмунҳои дигар соҳавӣ низ гузарнида мешавад.

Ҳадаф аз ин тадбирҳо ҷалби хонандагони болаёқат, ихтироъкор ва боистеъдод ҷиҳати аз худ кардани дастовардҳои навтарини илмию техникӣ, ба таври фарогир омӯхтани фанҳои алоҳида, пурра ошноӣ пайдо кардан ба технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, ихтироъкорӣ, инчунин, омодагӣ ба озмун ва олимпиадаҳои байналмилалӣ ва вусъат бахшидан ба ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Дар идомаи озмун хонандагон тариқи даставӣ ба ҳам омада, дониш ва малакааву маҳорати худро санҷиданд.

Дар ҷараёни озмун намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино ва дигар масъулин иштирок намуданд.

Озмуни мазкур бо мақсади амалӣ сохтани иқдом дар самти рушди илму маориф, махсусан, ташкили озмунҳо барои баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии насли ҷавон, беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ ба роҳ монда шуд. Иштирокчиён тибқи тартиби баргузории озмун вобаста ба равия ва фанҳо байни худ сабқат намуданд. Ғолибон пас аз натиҷагирии озмун муайян карда мешаванд.

Валиҷон Шарифзода 

"ТВ Душанбе"