image

Натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи соҳаи маориф зимни конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ

date_range22.08.2023, 09:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye219

Ҳамасола чун анъанаи маъмул дар моҳи август дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе конференсияиҳои августии кормандони соҳаи маориф ташкил карда мешавад. Чорабинии имсолаи маорифчиёни ноҳияи Фирдавсӣ дар Литсейи равияи табиӣ-риёзии ДМТ, ки дар ҳудуди ноҳия ҷойгир аст, баргузор шуд. Дар конференсияи августӣ намояндагони МИҲД-и ноҳияи Фирдавсӣ, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, роҳбарияту кормандони шӯъбаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои мактабӣ ва томактабӣ ширкат намуданд.

Зикр шуд, ки 113 нафар хонандагони ноҳияи Фирдавсӣ дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардидаан, ки аз ин 13 нафар медали тилло ба даст овардаанд. Дар 4 баст Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии Орзуи шӯъба хонандагонро ба фароғат фаро гирифтааст. Илова бар ин 1600 нафар хонанда  дар 4 баст ба майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ ба истироҳат ҷалб шудаанд. Имсол озмуни "Беҳтарин кабинети методӣ" миёни таълимгоҳҳои шаҳри Душанбе гузаронида шуд, ки дар он Кабинети методии МТМУ рақами 124- ноҳияи Фирдавсӣ сазовори ҷои аввал гардидааст.

Дар идомаи кори ҳамоиши августӣ дигар масъалаҳои соҳаи маориф мавриди баррасии ширкатдорон қарор гирифт. Дар ҷараёни чорабинӣ як қатор фаъолони соҳаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ, хоса мутахассисони ҷавонон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва Шуъбаи маорифи ноҳия бо сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"