image

Дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе намоиш-ярмаркаи маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Дарвоз доир гашт

date_range22.08.2023, 10:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye187

Сокинони баландкӯҳи ноҳияи Дарвоз бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумиву таомҳои миллӣ ва дигар дастовардҳои худ меҳмони шаҳри Душанбе гаштанд. Дар намоиш, ки дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе доир шуд, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз, ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд. Меҳмонон аз намунаи кор ва маҳсули дасти ҳунармандону сокинони заҳматқарини ноҳияи Дарвоз дидан карданд. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҷлили шукӯҳманд аз солгарди навбатии Истиқлоли давлатӣ ду ҳафтаи оянд низ рӯзҳои истироҳатӣ дар боғҳои пойтахт шаҳру ноҳияҳои боқимонда намоиш ва маҳсули ҳунари сокинонашонро ба маъраз мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз 50 шаҳру ноҳияҳои кишвар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои пойтахти мамлакат баргузор намуданд.

Бояд гуфт, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе то 3 сентябр идома меёбанд.

Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии ноҳияи Дарвоз дар пойтахти кишвар миннатдории роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимяити давлатии шаҳри Душанберо расонид. Сипас ҳунармандон бо иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона хотири иштирокчиён ва меҳмонону сайёҳони пйтахти кишварро шоду болида гардониданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"