image

Омодагӣ ба соли нави хониш дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур

date_range22.08.2023, 13:53 chat_bubble_outline0 remove_red_eye435

То оғози соли нави таҳсили 2023-2024 рӯзҳои ба шумор боқӣ мондааст. Дар ин замина роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар масъулин кӯшиш намуда истодаанд, ки соли нави хонишро бо омодагии ҳамаҷониба ва рӯҳияи болида оғоз намоянд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани соли нави таҳслили 2023-2024 имрӯзҳо корҳои таъмирӣ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба анҷом расонида шуда, онҳо пурра омода мебошанд. Аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур қарор доранд, ба соли нави хониш омодаанд. Роҳбарият ва омӯзгорону кормандони муассисаҳои таълимӣ корҳои таъмириро ба анҷом расонида, ба муҷаҳҳаз гардонидани синфхонаҳо машғуланд.

Дар муассисаҳои таълимӣ корҳои таъмирӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ба анҷом мерасанд. Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур корҳои омодагӣ ва ободонӣ ба истиқболи Рӯзи дониш ва соли нави таҳсил ба анҷом расонида шуданд. Тамоми синфхонаҳои таълимӣ, даҳлезу роҳравҳо ва дигар иншооти иловагии муассисаҳо аз таъмиру ороиши косметикӣ бароварда шуда, гирду атрофи мактабҳо ва дигар биноҳои таълимӣ рангубор карда шуда, востаҳои хониш ва ҷадвали дарсҳо ба соли нави хониш омода гардиданд.

Тавре, ки масъулини муассисаҳои таълимӣ иттилоъ доданд, то ин муддат тамоми корҳои момодагӣ дар мактабҳо ба анҷом расида, кӯдаконе ки ба синфи якуми муассисаҳои таълимӣ қабул гардидаанд, ҳуҷҷатгузориашон пурра анҷом дода шудааст ва мактаб аб қабули онҳо пурра омода мебошад. Дар асоси супориши роҳабарияти Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҳамасола паз аз анҷоми соли хониш дар муассисаҳои таҳилоти миёнаву олӣ таъмири ҷорӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад дар тамои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансур корҳои таъмирӣ анҷом дода шуд.

Дар баробари таъмири синфхонаҳо, утоқҳои корӣ, роҳравҳо, синфхонаҳо, инчунин беруни муассиса низ рангубор карда шуда, дар саҳни он намудҳои гуногуни дарахтону ниҳолони ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст, ки он то андозае намуди муассисаро зебо гардонидааст.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"