image

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Ханҷоу аз Осорхонаи Бозиҳои Осиё дидан намуданд

date_range23.08.2023, 12:23 chat_bubble_outline0 remove_red_eye208

23 август дар идомаи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Ханҷоу Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Осорхонаи Бозиҳои Осиё боздид ба амал оварданд.

Осорхона дар ҳудуди маркази варзишии Олимпии шаҳри Ханҷоу дар масоҳати 5700 метри мураббаъ ҷойгир буда, роҳи тайкардаи Ханҷоуро дар ҷараёни корҳои омодагӣ ба Бозиҳои 19-уми тобистонаи Осиё дар сиғаи интерактивӣ намоиш медиҳад.

Бояд гуфт, ки Бозиҳои 19-уми тобистонаи Осиё аз 23 сентябр то 8 октябри соли 2023 дар шаҳри Ханҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегарданд.

Дар ин Бозиҳо барои дарёфти 474 маҷмуи медалҳо аз рӯи 61 намуди варзиш, ки 45-тои онҳо намудҳои варзиши олимпӣ мебошанд, мусобиқот гузаронида мешаванд.