image

МАРОСИМИ БАИМЗОРАСОНИИ САНАДҲОИ ҲАМКОРИИ БАХШИ ХУСУСИИ ЧИН ВА ТОҶИКИСТОН

date_range22.08.2023, 17:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye235
Дар ҳошияи сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин худи ҳамин рӯз маросими баимзорасонии санадҳои ҳамкории бахши хусусии Чин ва Тоҷикистон баргузор гардид.
Аз ҷумла:
- Созишномаи қолабӣ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Рунҷонг Холдинг Групп»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба навсозӣ ва то 180 ҳазор тонна дар як сол расонидани истеҳсоли карбамид дар корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» ба маблағи 50 миллион доллари ИМА;
- Созишномаи қолабӣ байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Осиё Кемикал»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Рунҷонг Холдинг Групп»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмони корхонаи нав оид ба истеҳсоли карбамид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори 300 ҳазор тонна дар як сол, ба маблағи 300 миллион доллари ИМА;
- Ёддошти тафоҳум байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гуруҳ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Джинчуен»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ташкил, бунёд ва идоракунии корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли электромобилҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори истеҳсоли 1500 автомошина дар як сол, дар ҳаҷми 25 миллион доллари ИМА;
- Ёддошти тафоҳум байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Таҷонг Интерпрайс Менеҷмент Консалтинг Co. Ltd.»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи таъсис додани корхонаи муштарак оид ба сохтмон ва истифодабарии маркази логистикӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 26 миллион доллари ИМА.