image

Натиҷаи назарраси соли таҳсили 2022-2023 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ - хатми 25 магистрант ва 40 нафар дар зинаи бакалавриат бо дипломи аъло

date_range23.08.2023, 13:47 chat_bubble_outline0 remove_red_eye267

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони зинаи бакалавриат ва магистратура дар соли таҳсили 2022-2023 баргузор гардид. Дар маросими супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони зинаи бакалавриат ва магистратураи Академияи идоракунии давлатӣ роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорон ва кормандону хатмкунандагон иштирок намуданд.

Иброз шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо 32 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва 3246 мактаб, аз ҷумла 156 муассисаи таълимии типи нав, яъне гимназия, литсей, мактабҳои байналмилалӣ ва 300 муассисаи томактабӣ сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол буда, тамоми дастовардҳояш аз ин неъмати гаронбаҳо маншаъ мегирад. Аз хатмкунандагони Академия даъват шуд, ки бо донишҳои андӯхтаи худ бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда нишон диҳанд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоянд, ҳамзамон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Ватани маҳбубамон бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя кунанд ва ҳамчун пайравони Пешвои миллат ба халқу Ватан содиқона хизмат намоянд.

Дар идома ба 25 нафар магистрант ва 40 нафар хатмкунандагони зинаи бакалавриат дар вазъияти тантанавӣ дипломҳои аъло супорида шуд. Тибқи иттилоъ соли ҷорӣ Академияи идоракуниро 505 нафар дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура хатм намуданд, ки аз ин шумор 65 нафар (12,9%) соҳиби дипломи аъло гардиданд.

Дар интиҳо шуъбаи фарҳанг ва истеъдодҳои ҷавони Академия дастагули рангини фарҳангиро, ки фарогири шеъру суруд, рақсу тарона дар васфи Ватан - Модар, ваҳдату якдилӣ ва Истиқлолияти давлатӣ буданд, пешниҳоди ҳозирин гардонидаанд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"