image

Баргузории Конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range23.08.2023, 14:09 chat_bubble_outline0 remove_red_eye203

Ҳамасола чун анъана қабл аз оғози соли нави хониш Конференсияи августии кормандони соҳаи маориф баргузор карда мешавад. Имсол ин чорабинӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки кормандони соҳаи маорифи ноҳия дар толори Муассисаи давлатии Литсейи рақами 5-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.

Иштирокчиёни Конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қабл аз оғози чорабинӣ дар саҳни Литсейи рақами 5 бо корҳои эҷодӣ ва дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии ноҳияи шинос шуданд. Гуфта шуд, ки бо мақсади таҷлили шоиста аз ҷашни навбатии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҷониби масъулин ба хотири намоиши дастовардҳо чунин корҳои эҷодӣ анҷом дода шудааст.

Сипас дар толори муассисаи Конференсия ба кори худ шурӯъ намуд. Дар кори Конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳти унвони «Муаллим равшангари ақлҳо» намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоимли Сомонӣ, собиқадорони соҳаи маорифи ноҳия, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мудирони ширхоргоҳ-кӯдакистонҳои ноҳия ва омӯзгорону мураббиёни муассисаҳои мактабиву томактабии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ширкат варзиданд.

Дар оғози чорабинӣ роҳбарияти Шуъбаи маорифи ноҳия изҳор дошт, ки аҳли маорифи ноҳия кӯшиш намудаанд, то соли таҳисли навро бо омодагии ҳамаҷониба ва шароити мусоид пешвоз гиранд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли равон аксари муассисаҳои таълимии ноҳия аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, онҳо ба қабули хонандагон омоад мебошанд.

Дар идомаи чорабинӣ масъулин вобаста ба дастовардҳои муассисаҳои таълимӣ дар замони муосир ва идоракунии он дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза пешниҳод намуданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"