image

Натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи соҳаи маориф зимни конференсияи августии ноҳияи Шоҳмансур

date_range23.08.2023, 14:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye279

Чорабинии имсолаи маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба М.Осимӣ, ки дар ҳудуди ноҳия ҷойгир аст, баргузор шуд. Ширкатдорони ҳамоиш нахуст бо дастоварду маҳсули ҳунари аъзои маҳфилҳои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳия ва муассисаҳои дигари таълимӣ шинос шуданд, ки он дар саҳни ин муассиса ташкил шуда буд.

Дар конференсияи августӣ намояндагони МИҲД-и ноҳияи Шоҳмансур, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, роҳбарияту кормандони шӯъбаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои мактабӣ ва томактабӣ ширкат намуданд.

Зимни баромади масъулин қайд шуд, ки дар соли таҳсили 2022-2023 дар ноҳия 39 муассисаҳои таълимӣ, аз ин 27 муассисаи таълимии буҷавӣ, 12 муассисаҳои ғайри буҷавӣ, 27 муассисаи томактабӣ, аз ин 11 муассисаи томактабии буҷавӣ, 16 муассисаҳои томактабии ғайри буҷавӣ, МД «Маркази таҳсилоти иловагӣ» ва МД «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо фаъолият намудаанд.

Дар идомаи кори ҳамоиши августӣ дигар масъалаҳои соҳаи маориф низ мавриди баррасии ширкатдорон қарор гирифт. Вобаста ба масъалаҳои пешниҳодгардидаи кори ин ҳамоиши сатҳи ноҳиявӣ ҳамзамон масъулини Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур баромад намуда, барои пешравии соҳа ва беҳтар намудани кори бахши маориф таклифҳои судмандро ба миён гузоштанд.

Дар ҷараёни чорабинӣ як қатор фаъолони соҳаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур, аз ҷумла собиқадорон ва мутахассисони ҷавонон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва Шуъбаи маорифи ноҳия бо сипоснома ва туҳтуҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Инчунин дар раванди чорабинӣ аз ҷониби масъулини ғолибони як қатор озмунҳо аз ҳисоби хонандагон ва омӯзгорону фаъолу пешқадам, ки дар рушди соҳа саҳми муносиб гузоштаанд, бо ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"