«Ҳомиёни Истиқлолем». Таҳти ин унвон дар қисми низомии 01-22-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ баргузор гардид
Дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва истиқлоли давлатӣ ва софдилона хизмат намудани афсарону сарбозон дар доираи ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 01-22-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони «Ҳомиёни Истиқлолем» баргузор гардид.
Чорабиниро Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода ифтитоҳ намуда иброз дошт, ки 32-сол муқаддам давлати ҷавони мо Истиқлоли давлатии худро ба даст овард ва аз як кучаи сарбаста ба шохрохи пурифтихори созандагию бунёдкори қадам ниҳод, ки имрӯз мо самараи ин неъмати бебаҳо ва муқаддасро дар тамоми соҳаҳои кишвар аз ҷумла сиёсату иқтисод, иҷтимоиёту фарҳанг ва дигар соҳаҳои муҳими кишвар дида истодаем.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз номи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳолати тантанавӣ ба афсарону сарбозон ифтихорномаву сипоснома тақдим гардид.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ