image

Кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Исмоили Сомонӣ то имрӯз беш аз 100 ҳазор гулҳои мавсимӣ шинониданд

date_range25.08.2023, 21:19 chat_bubble_outline0 remove_red_eye171

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 32 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе шинонидани гулҳои мавсимӣ бомаром ҷараён дорад. Ҳамзамон баҳри таъмин намудани кӯчаю хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳо бо гулҳои зимистона ва баҳорӣ дар гармхонаҳо давоми 6 моҳи соли 2023 ба миқдори 1,6 миллион дона тухми гулҳои мавсимӣ корида шудааст. Аз рафти корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ

Ҷашни Истиқлол наздик аст. Ва қарор аст меҳмонони зиёде ба шаҳри Душанбе ташриф оранд. Хонаи ободу зебо ва тозаву озода доштан, мерос аз ниёгони мост. Гулпарварони Раёсати истифодабарии роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои шаҳри Душанбе имрӯзҳо серкоранд. Онҳо шабонарӯзӣ ҳар канору гӯшаи шаҳрро гулпӯш мекунанд.

Кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар хиёбони Рӯдакӣ дар майдони назди бинои Парлумони Тоҷикистон гулҳои мавсимӣ шинониданд. Ин ҷо 4 навъи гулҳо ороишӣ ва мавсимӣ шинонида шуд. Назорати корҳои гулзоркунӣ дар маркази шаҳри Душанберо кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бар уҳдаи худ гирифтаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки танҳо барои гулшинонӣ дар ин майдон беш аз 40 нафар бонувони гулпарвар ҷалб гардиданд. Гулҳои ороишӣ бо шаклу намуди махсус шинонида шудааст, ки ба ҳусни ин мавзеъ зебоии даҳчандро замм менамояд. Гулпарварон мегӯянд, ҳарчанд гули навъи «Виёла» асосан мавсимӣ мебошад, вале ба сардии ҳавои зимистон тобовар асту то моҳи март умр мебинад. Кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Исмоили Сомонӣ то имрӯз беш аз 100 ҳазор гулҳои мавсимӣ шинониданд.

Умедҷон Сайдиллоев

"ТВ Душанбе"