image

Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои фарҳангии ноҳияи Лахш баргузор гардид

date_range26.08.2023, 13:53 chat_bubble_outline0 remove_red_eye237

Бахшида ба солгарди навбатии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангиву фароғатии Куруши Кабир намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои фарҳангиву адабии ноҳияи Лахш баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур ва роҳбарияти ноҳияи Лахш аз намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллии доир намудаи масъулину кормандони мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш дидан карда, тадбири мазкурро дар густариш додани фарҳанги миллати тоҷик нек арзёбӣ намуданд.

Дар намоишгоҳи мазкур маводи ғизоӣ, аз қабили картошка, пиёз, помидор, бодиринг, ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба фурӯш гузошта шуд, ки барои ғанӣ гардонидани дастархони сокинони пойтахт мусоидат менамояд. Хоҷагидорони ноҳияи Лахш дар заминаи талошҳо дар роҳи расидан ба амнияти озуқаворӣ имсол хосили фаровон ба даст оварданд. Кишоварзони ноҳия парвариш ва кишти зироатро ҳамасола дар асоси маслиҳату машварати мутахассисон бо интихоби тухмиҳои серҳосил ба роҳ монда, дастовардҳои меҳнатиро сол аз сол беҳтар мекунанд.

Ҳамчунин дар ин рӯз сокинони ин ноҳия ҳунарҳои мардумӣ, ва дигар дастовардҳои худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Қандил Мардонов

"ТВ Душанбе"