Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии Абдураҳмони Ҷомӣ доир шуд
Субҳи рӯзи 26-уми август дар Боғи Алишер Навоӣ дар доираи нақшаи баргузории чорабиниҳои идона ба истиқболи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ин навбат намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии хешро пешниҳоди сокинони пойтахт гардониданд.
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Алишер Навоӣ доир шуд, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур ва сокинону фаъолони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок намуданд.
Иштирокчиён дар саҳни боғ аз намоиши ҳунарҳои мардумии ҳунармандони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ки бо санъати баланд оро дода шуда, буд боздид карданд. Ҳунармандони ноҳия бо завқи баланд дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ иштирок намуда, аз истеъдод ва ҳунари доштаи худ дарак доданд. Бояд гуфт, ки чорабинии мавриди назар дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таҷлили сазовор аз ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то моҳи сентябри соли равон дар пойтахти кишвар идома мекунад.
Ҳамзамон дар ин рӯз аз ҷониби санъаткорону ҳунармнадони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар дар Боғи сабзу хуррами Алишер Навоӣ барномаи фарҳангиву адабӣ доир гашт. Сипас ҳунармандон бо иҷрои суруду таронаҳои васфкунандаи Ватан, Модар, Тоҷикистон, Душанбе хотири иштирокчиён ва меҳмонону сайёҳони пойтахти кишварро шоду болида гардониданд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ