image

Ҷамъбасти даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар пойтахт - 108 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд

date_range30.08.2023, 09:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye290

Дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” доир гардид.

Қабл аз маросими ҷоизасупории даври шаҳрии озмун сардори Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баромад намуда қайд кард, ки озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми феврали соли 2023 ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе аз 6-уми марти соли 2023 оид ба баргузории даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Лозим ба зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар шаҳри Душанбе аз 14-ум то 18-уми августи соли ҷорӣ бо иштироки 223 ғолибони даври аввал-яъне ноҳиявӣ баргузор гардида буд.

Озмуни мазкур бо мақсади пайдо кардани истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба маҳорати баланди ҳунарӣ иҷрокунандагӣ, таълифи ашъори баланд ғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари Ватан, Истиқлолият, Тоҷикистон, дар 5 номинатсия: композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн, ки ҳар яке ба 3 бахш-академӣ, анъанавӣ, эстрадӣ ҷудо шудаст баргузор гардид.

Бояд тазаккур дод, ки дар озмуни имсола 2 номинатсияи нав номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн, ки аз ду бахш: санъати ороиши амалӣ ва санъати тасвирӣ. Дизайн: аз дизайни графика, реклама, доххили бино, дизайни муд ва бофандагии бадеӣ иборатанд ворид гардиданд. Озмуни дар 2 гурӯҳи синну сол-аз 12 то 17 сола ва аз 18 то 40 сола амалӣ гардид. Бояд гуфт, ки дар даври ноҳиявии ин озмун 516 нафар ширкат варзида 283 нафарашон ба даври шаҳрӣ роҳ ёфтанд. Аз ин шумора 108 нафари онҳо ба даври ҷумҳуриявӣ ҳамчун ғолиби даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.

Дар ҷамъбасти даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ғолибон бо диплому сипоснома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардида, ба даврӣ ниҳоӣ, яъне даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"