Ҷаласаи Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо доир шуд
Дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи рақами 5-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати кории директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, мактабҳои Президентӣ, литсейҳо барои хонандагони болаёқат ва мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ доир гардид.
Роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз машварат дар саҳни Муассисаи давлатии таълмиии Литсейи рақами 5-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо дастовардҳои хонандагони ҷумҳурӣ ва корҳои ихтироънамудаи онҳо шинос шуданд. Аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илм Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои синфҳои 5-11 бо иштироки 8374 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд ташкил, баргузор ва шаффоф натиҷагирӣ карда шуд. Аз шумораи умумии иштирокчиёни Олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2023 2964 хонанда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ (155 ҷойи якум, 583 ҷойи дуюм, 2226 ҷойи сеюм) гардиданд, ки нисбати соли 2022 231 ҷой ва нисбати соли 2021 1123 ҷой зиёд мебошад.
Сипас дар толори муассиса бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, мактабҳои Президентӣ, литсейҳо барои хонандагони болаёқат ва мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ машварати корӣ доиш гашт. Ба даҳ шаҳру ноҳияи дар ҳаракати олимпӣ фаъоли кишвар дар соли 2023 бошад, шаҳру ноҳияҳои Сино, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ноҳияи Данғара, ноҳияи Шоҳмансур, ноҳияи Фирдавсӣ, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳри Ҳисор, шаҳри Исфара, шаҳри Хуҷанд ва шаҳри Кӯлоб шомил шудаанд.
Ҳамзамон, аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ миёни муассисаҳои таълимии кишвар муассисаҳои давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Душанбе бо 125 ҷойи ифтихорӣ сазовори ҷойи якум, “Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе бо 115 ҷойи ифтихорӣ сазовори ҷойи дуюм ва “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғара” бо 87 ҷойи ифтихорӣ сазовори ҷойи сеюм гардида се муассисаи таълимии дар ҳаракати олимпӣ фаъоли кишвар дар соли 2023 дониста шуданд.
Боиси тазаккур аст, ки дастовардҳои хонандагони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобастагии зич доранд ба фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва муассисаҳои таълимии дахлдори кишвар.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ