Пешниҳоди 24 муассисаи таълимӣ ба озмуни шаҳрии “Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ”
Озмуни шаҳрии “Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ” дар соли 2023 шуруъ шуд. Озмуни мазкур дар ҳудуди шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида, мақсади баргузории он вусъат бахшидани корҳои ободонию хуррамгардонӣ ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ арзёбӣ мегардад.
Гурӯҳи корӣ, ки намояндагони он аз сохторҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иборат мебошад, дар рӯзи аввали озмун барои муайян намудани беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ аз чанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ дидан карданд. Ба даври шаҳрии озмуни “Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ” дар соли 2023 аз ҳар ноҳияи шаҳри Душанбе 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 муассисаи томактабӣ пешниҳод гардид, ки шумораи муассисаҳои таълимӣ дар умум 24 ададро ташкил медиҳад. Аъзои Гурӯҳи корӣ иборат аз кормандони масъули сохторҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур дидан карданд.
Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” воқеъ дар ноҳияи И.Сомонӣ кӯчаи Маҳмадулло Холов дар ҳолати хуби таъмиршуда қарор дошт. Ба аъзои Гурӯҳи корӣ иттилоъ дода шуд, ки барои дар сатҳи лозимӣ оғоз кардани соли нави хониш рангу бори бинои таълимӣ пурра ба анҷом расонида шуд ва ҳамзамон қитъаҳои саҳни муассиса майсазор карда шуд. Дар мавсими нави сабзкориву ниҳолшинони дар Литсейи 3 13 ҳазор дона гули садбарг ва 100 навниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинониданд. Мушоҳида кардем, ки майдони сабзкории ин муассисаи таълимӣ нисбат ба дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бештар аст. Дар Литсейи 3 228 дарахти тирак, 27 дарахти каштан ва шумораи муайяни дарахту буттаҳои сабзу ороишии магнолия, груша ва маржевика мавҷуд аст. Атрофи ин муассисаи таълимӣ бо гулу дарахтони ҳамешасабз оро дода, саҳни ҳавли он сафолакпӯш карда шудааст. Дар ин замина хотиррасон мекунем, ки вазъи кунунии муассисаи таълимӣ, ҳолати биноҳо, иншоот ва роҳраву ҳавлӣ, ҷалби сармояи соҳибкорони ватанӣ барои ободкории муассисаи таълимӣ, муҳити зист ва экология бо дарназардошти намуди роҳу пиёдароҳҳо, ободонӣ, рангубор, сафед кардани бино ва дигар иншооти муассисаи таълимӣ, насби таҷҳизоти равшанидиҳандаи ороишӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, гулу буттаҳои мавсимӣ ва фазои сабзиши онҳо, таъминот бо оби полезӣ, ҳолати тозагии мавзеъ, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва нигоҳубини дарахту буттаҳо, гулҳо ва майдони сабзазор номгӯи нишондиҳандаҳои озмуни шаҳрии “Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ” дар соли 2023 мебошад.
Ҳолати тозагӣ дар муассисаи томактабии №17 қаноатбахш арзёбӣ гардид. Дар ин муассиса таъминот аз ҳисоби буҷа буда, сармояи соҳибкорони ватанӣ ҷалб карда нашудааст. Корҳои ободонӣ ва рангу бори бино дар сатҳи лозимӣ ба роҳ монда шудааст. Муассисаи томактабии №17 бо таҷҳизоти равшанидиҳанда муҷаҳҳаз буд, атроф сабзу хуррам гардонида шудааст. Барои ободонии муассиса 500 адад гули садбарг ва 2 ҳазор гулҳои мавсимӣ шинониданд.
Муассисаи Таҳсилоти Миёнаи Умумии №102 дар ноҳияи Шоҳмансур майдон барои сабзкорӣ ва хуррамгардонӣ камтар дорад. Аммо новобаста аз ин атрофи муассиса шукуфон буд. Гулу дарахтони ҳамешасабз ва сафолакпӯш будани саҳни ҳавлӣ ҳусни ин муассисаро бамаротиб дилкаш кардааст. Гуфта шуд, ки дар мавсими корҳои сабзу хуррамгардонӣ дар ин муассиса 20 адад арчаҳои ороишӣ шинонида, 1500 адад қаламчаи гулҳои садбаргро парвариш карданд. Гулҳои садбарг бо гулҳои мавсимӣ якҷо шинонида шудаву таровати ин мавзеъро дучанд кардааст.
Муассисаи томактабии №30, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур ҳам майдони кабудизоркунӣ кам дорад. Аз ин лиҳоз сабзабзгардонии атроф дар доираи имконият амалӣ гардонида шудааст. Муассисаи мазкур бо низоми равшанигардонӣ муҷаҳҳаз буда, рангу бор ва таъмири ҷорӣ дар он ба таври лозимӣ ба роҳ монда шудааст.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ