image

«НБО-и «Роғун» ва шинохти шахсияти Пешвои миллат дар бунёди он»-зери унвон дар шаҳри Душанбе кофнронс доир шуд

date_range31.08.2023, 12:27 chat_bubble_outline0 remove_red_eye184

Бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «НБО-и «Роғун» ва шинохти шахсияти Пешвои миллат дар бунёди он» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар кори он олимону донишмандон ва коршиносони соҳа ширкат намуданд.

Дар кори ҳамоиши «НБО-и «Роғун» ва шинохти шахсияти Пешвои миллат дар бунёди он» ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз иқдомҳои назарраси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сохта ба истифода додани НБО-и «Роғун» ёдова шуда, таъкид дошт, ки бунёдгузори ин кохи муҳташами нур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз бо ташаббус ва талошҳои пайгирона ва хастанопазири ин абармарди арсаи таъриху тамаддун бунёди НБО-и “Роғун” рӯйи даст омад ва имрӯз ҳазорон нафар сохтмончиён, муҳандисон ва дигар мутахассисон дар ин майдони нангу номуси миллӣ ба таври шабонарӯзӣ кору фаъолият мекунанд.

Зимнан таъкид шуд, ки НБО-и “Роғун” на танҳо аҳаммияти муҳимми энергетикӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад, балки аҳаммияти сиёсии он низ қобили мулоҳиза ва зикри хос аст. Пас аз бунёди НБО-и “Роғун” Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои иқтидори бузурги энергетикӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ хоҳад шуд. Вобаста ба ин робитаҳои хориҷӣ низ дар сатҳи нав хоҳад баромад ва бо нигоҳи тоза тадриҷан таҳким хоҳад ёфт.

Дар идомаи конференсия олимону донишмандон ва пажӯҳишгарони донишгоҳ дар мавзӯҳои “Нақши НБО-и “Роғун” дар рушди иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Нақши НБО-и “Роғун” дар амалигардидани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат”, “Нақши НБО- и “Роғун” дар боло бурдани имиҷи давлат дар арсаи байналмилалӣ” ва “Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши сохтмони НБО-и “Роғун”” суханронӣ намуданд. Зимни ироаи маърӯзаҳо олимону муҳаққиқон ҷанбаҳои муҳимми бунёди НБО-и “Роғун”-ро мавриди таҳлил қарор дода, таъкид доштанд, ки НБО-и “Роғун”, инчунин, дар таҳкими бовари мардум ба фардои дурахшони Тоҷикистон ва ҳамбастагии миллат нақши муҳим мебозад.

Бо таассурот аз сафар бо ҳайати васеъи ҳамкорон ба НБО-и “Роғун” роҳбарияти донишгоҳ пешниҳод намуданд, ки дар сатҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва берун аз он, яъне дар сатҳи ҷумҳурӣ ҷиҳати таълифи асарҳои хубу мондагор, ки арсаи заҳмати нангу номуси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва иншооти азими аср будани НБО-и “Роғун”, рӯҳияи қавӣ ва иродаи шикастнопазири бунёдгузори НБО-и “Роғун” Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро инъикос ва барҷаста таҷассум намоянд, дар жанрҳои роман, қисса (повест), очерк, достонҳо (манзуму мансур), рубоӣ, ғазал ва дигар анвои шеърӣ таҳти унвони “НБО-и “Роғун” ва шинохти шахсияти Пешвои миллат дар бунёди он” озмун эълон намуд.” Ҳамоиш бо пешниҳод ва суолу ҷавобҳо дар самти баргузории озмуни мазкур, инчунин, андешидани тадбирҳои тоза дар ин самт ба охир расид.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"