image

Эълон: Дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир мегардад

date_range31.08.2023, 12:55 chat_bubble_outline0 remove_red_eye212

Ба таваҷҷуҳи сокинону меҳмонони пойтахт расонида мешавад, ки дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бағҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе намоиш - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2023 ба роҳ монда шудааст.

Рӯзи 2-уми сентябр аз соати 8:00 то 11:00 дар Боғи Ирам намоиш фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии ноҳияҳои Ишкошиму Мурғоб ва дар Боғи Кӯдакон аз ноҳияи Темурмалик ташкил карда мешавад. Ҳамчунин дар ин боғҳо аз соати 17:00 то 20:00 барномаҳои адабиву фарҳангии ноҳияҳои Ишкошиму Мурғоб ва Темурмалик гузаронида мешавад. Рӯзи 3-уми сентябр бошад, аз соати 8:00 то 11:00 дар Боғи Ирам намоиш - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Хайём бошад аз ноҳияи Ховалинг баргузор мешавад. Намоишҳои фарҳангӣ ва барномаҳои ҳунарии ин шаҳру ноҳияҳо аз соати 17:00 то 20:00 дар боғҳои мазкур гузаронида мешавад.

Сокинону меҳмонони пойтах метавонанд дар раванди ин тадбирҳо ширкат намуда, маҳсулоти кишоварзиро бо нархи дастрас харид намоянд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"