Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар Иттифоқи композиторон
Дар Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили эҷодӣ ва барномаи консертӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ олимону санъатшиносон ва дӯстдорони санъату ҳунари мусиқӣ иштирок намуданд. Қабл аз оғози маҳфил Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон баромад намуда ҳозиринро ба ҷашни бузурги миллиамон яъне 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Мавсуф аз дастовардҳои рӯзҳои охир, бахусус аз баргузор шудани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон ва аз сазовор шудани ду нафар аз оҳангсозони суннатӣ Хуршед Иброҳимзода ва Сироҷиддин Ҷӯраев ба унвонҳои фахрии давлатӣ - яъне Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ба аҳли толор ёдовар шуд.
Зикр шуд, ки ҳар як ду сол ҷоизаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар соҳаи мусиқӣ ба номи «Борбад» тақдим мегардад. Имсол ҷоизаи мусиқии ба номи «Борбад» аз ҷониби роҳбарияти ин ниҳоди фарҳангӣ ба мусиқишинос Фароғат Азизӣ ва композитор Лола Толис дар вазъияти тантанавӣ тақдим гардид.
Дар идома аз ҷониби иштирокчиёни суруду таронаҳои “Гулбоғ Душанбе”, “Ватан”, “Файзи Истиқлол”, “Суруд ва рақс”, “Тоҷикистони дилам”, “Мебарӣ”, “Меҳан”, “Пайғоми Истиқлол” “Эй Ватан” сароида шуданд, ки ба аҳли толор писанд омад.
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Итттифоқи композиторони Тоҷикистон дар тарбияи ходимони ҷавони бахши мусиқӣ, сайқал додану ба роҳ мондани фаъолияти эҷодии касбии онҳо пайваста кумаки амалӣ расонида, бо муассисаҳои таълимии мусиқӣ ва ташкилотҳои фароғатӣ, театриву консертӣ ва дигар коллективҳо робитаи мустаҳкам дошта, дар назди онҳо бо барномаҳои консертӣ аз асарҳои композиторони тоҷик мунтазам баромад мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки мусиқии тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат хеле тараққӣ намуда, на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки дар арсаи ҷаҳонӣ тоҷиконро чун мардуми санъатдӯсту соҳиби фарҳанги бой муаррифӣ намудааст.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ