image

Ҷашни Истиқлол муборак!

date_range04.09.2023, 13:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye486

Боиси ифтихору сарфарозист, ки пойтахти азизи мо-шаҳри зебоманзари Душанбе торафт рушд намуда, ба худ симои замонавӣ касб мекунад.

Ҳамаи ин дастовардҳо самараи даврони Истиқлоли давлатӣ, дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  маҳсуб меёбад.

Муассисаи давлатии "Телевизиони Душанбе" ҳамаи Шумо ҳамватанони гиромиро ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, баҳратон саломатӣ, хушбахтӣ ва саодати рӯзгорро таманно дорад!

Итминони комил дорем, ки мо дар ваҳдату ҳамдастӣ бо дарки баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ метавонем Тоҷикистони азизро ба яке аз кишварҳои пешрафтаи чаҳони муосир табдил диҳем.

Солгарди навбатии Истиқлоли давлатӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!