Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Темурмалик дар Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе
Бо мақсади пешниҳоди маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас ва фаровонии бозори истеъмолии сокинони пойтахт субҳи имрӯз дар Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе намоиш-ярмаркаи маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Темурмалик доир гашт. Дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияи Темурмалик ва сокинону истиқоматкунандагони ноҳияи Исмоли Сомонӣ иштирок намуданд.
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони ноҳияи Темурмалик ба сокинону меҳмонони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи 25-30 фоиз нисбат ба бозор арзонтар пешниҳод шуд, аз ҷумла 1 кг картошка аз 4 сомонӣ, пиёз 1,50 дирам, сабзӣ 3 сомонӣ, дигар намуди сабзавот аз 3 то 5 сомонӣ, гӯшти гов — 55 сомонӣ, 30 дона тухм — 27 сомонӣ, мевагӣ аз 2 то 5 сомонӣ, 50 кг орд — 210 сомонӣ ба фурӯш бароварда шуд.
Ҳамзамон дар ин рӯз аз ҷониби санъаткорону ҳунармнадони ноҳияи Темурмалик дар дар Боғи сабзу хуррами кӯдакон барномаи фарҳангиву адабӣ доир гашт. Иштирокчиён аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии ноҳияи Темурмалик, ки дар саҳни Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе идона оро ёфта буд, боздид намуданд. Дар ин рӯз тамоми ҳунармандони ноҳияи Темурмалик, ки маҳсули корашон алоқамандони зиёд доранд, дар намоиш иштироки фаъолона доштанд.
Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода суханронӣ намуда, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии ноҳияи Темурмалик дар пойтахти кишвар миннатдории роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимяити давлатии шаҳри Душанберо расонид.
Сипас ҳунармандон бо иҷрои суруду таронаҳои васфкунандаи Ватан, Модар, Тоҷикистон, Душанбе хотири иштирокчиён ва меҳмонону сайёҳони пойтахти кишварро шоду болида гардониданд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ