Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа баргузор гардид
Дар остонаи таҷлили ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид.
Ин ҳафта боғи Ирами пойтахт идона оро ёфта буд. Дар ин боғи истироҳатии шаҳри Душанбе масъулини шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа намоиш-фуруши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллиро пешниҳод карда, барномаи фарҳанги-фароғатиро роҳандозӣ карданд.
Дар намоиш-фурӯш сокинону меҳмонони пойтахт бо маҳсулоти гуногуни кишоварзии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа шинос шуда, бо нархҳои дастрас аз он харидорӣ намуданд. Ҳамчунин ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ гӯшаи дигари намоиш-фурӯшро ташкил дод, ки ба ҳамоиш ранги дигар бахшид. Аз ин намоиш-фурӯш роҳбарияту намояндагони МИҲД-и ш.Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ, шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа дидан намуда, ба ташкилкунандагон изҳори сипос баён карданд.
Тавре роҳбарияти шаҳри Хоруғ гуфтанд, марҳилаи инкишофу пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хоруғ баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ оғоз гардида, симои меъмории он кулан таъғир ёфт.
Дар қисмати дуюми ин рӯз дар боғи Ирами пойтахт барномаи фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва роҳбарияти шаҳри Хоруғ баромад намуда, ташкили ҳамоишро барои тақвияти робитаҳои минтақаҳои кишвар муфид арзёбӣ намуданд.
Санъаткорони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа барномаи хуби фарҳангиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардониданд, ки хеле ҷолибу хотирмон сурат гирифт ва боиси писанди ширкатдорон гардид.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ